Онлайн-курсыЖурналПроверь себяСпецпроектыПодкасты

Меъёрҳои баланди фоизҳои пасандоз: афсона ё воқеият

20.10.22

8 мин

Меъёрҳои баланди фоизҳои пасандоз: афсона ё воқеият

Даромад аз пасандоз аз омилҳои гуногун вобаста аст: асъор, мӯҳлати пасандоз, воститаи гузоштану гирифтани маблағ ва замшавии фоизҳо . Одатан, аз санаи бастани пасандоз, асъору маблағи он вобаста аст, масалан чӣ қадар муҳлат зиёд бошад ҳамон қадар даромадаш зиёд мешавад, агар муҳлати гузоштани маблағ кам бошад ҷоизаш ҳам камтар мешавад.

Инчунин, шумо метавонед даромадро аз ҳисоби амонати фоизҳо афзоиш диҳед - яъне фоизҳои ҳармоҳа ба таври автоматӣ ба худи пасандоз зам мешаванд ва баъд аз ин фоизи онҳо низ ҳисоб карда мешавад. Ҳамин тариқ, аз ҳисоби фоизҳо, маблағи пасандоз мунтазам меафзояд ва ба фоидаи ниҳоӣ табдил меёбад.

Имконот бидуни замшавии фоизҳои ҳармоҳа ба пасандоз чунин амали мегардад.

  • Агар даромадҳои ҳармоҳа аз ҳисоби фоизҳои ҳармоҳа ба пасандози шумо ворид нашаванд, даромад аз рӯи маблағи аввалияи пасандоз ҳисоб карда мешавад.

Яъне 1 000 000 рубл бо ҳисоби 4,5% солона ба гарав гузоштед баъд аз як сол 1 045 000 рубл мегиред - даромади шумо 45,000 рублро ташкил медиҳад.

  • Агар шумо пасандоз бо замшавии даромад аз ҳисоби фоизҳои ҳармоҳаро интихоб намоед, пас дар моҳҳои оянда аз ҳисоби он фоизҳои иловашуда низ ба пасандозатон даромади иловаги зам мешавад.

Ин амалиётро “фоизҳои мушкил” меноманд. Масалан агар шумо пасандози яксола бо маблағи 1 000 000 рубл аз рӯи 4,5% бо замшавии фоизҳои ҳармоҳа ба он кушоед, пас ҳар моҳ маблағ ба пасандоз бо ҳисоби 0,375% (4,5% солонаро мо ба 12 моҳ тақсим кардем) зам мешавад.

Дар моҳи аввал маблағ ба пасандоз ба ҳисоби 3750 рубл зам мешавад. Баъди як моҳ фоизҳо алакай аз рӯи 1 003 750 рубл ҳисоб карда мешаванд, ки маблағи даромад зиёдтар шуда ба 3764 рубл мерасад. Ҳамин тариқ ҳар моҳ зиёдтар шуда дар охир баъди як сол маблағи пасандози шумо ба 1 045 939,83 рубл мерасад. Яъне даромади яксола 45 939,83 рублро ташкил медиҳад.

Агар дар шартнома имкони илова кардани маблағ ба пасандоз пешбинӣ шуда бошад, даромадҳои шумо аз рӯи илова намудани маблағ зиёд шудан мегиранд.

Фоизҳо кай метавонанд баланд бошанд

Бонкҳо гоҳо пешниҳоди кушодани пасандози бетағғйир мекунанд. Онҳо бо фоизҳои нисбатан баландтарашон бо он фарқ мекунанд, ки ба чунин пасандоз пул илова карда намешавад ва ё аз он қисман гирифта намешавад. Пешниҳодҳои чунин пасандозҳо дорои маҳдудият мебошанд, ингуна пешниҳодҳоро дар бонкҳои худ пайгирӣ намоед. Пеш аз оне, ки промо-пасандоз мекушоед боваринок будани бонкро санҷед, ҳади ақал иҷозаномаашро санҷед.

Мешавад, ки бонкҳо гоҳо пешниҳод мекунанд пасандозро ба дигар чизи молиявии бонк иваз кунед. Масалан бо полиси сармоягузории суғуртаи ҳаёт, Фонди сармоягузории саҳмиявӣ, сармоягузорӣ бо қо қоғазҳои қимматнок, шартномаҳои таъмини нафақаҳои ғайридавлатӣ ва ғайраҳо. Чунин пешниҳодҳо метавонанд поидаи бештар оранд, аммо онҳо кафолат надоранд. Ин пасандоз ҳисоб намешавад ва хавфи ба даст наовардани фоидаи ваъдашуда вуҷуд дорад.

Кормандони бонк метавонанд якчанд роҳи муштаракро пешниҳод кунанд: қисме аз маблағ ба пасандоз гузошта мешаваду қисме сармоягузорӣ мешавад ба дигар воситаҳо. Ин роҳ муштариро аз, аз даст додани маблағ ҳимоя мекунад. Пасандоз метавонад ба шумо фоидаи муайяни доимие биорад, аммо пулгузорӣ ба дигар воситаҳои молиявӣ имкони ба даст овардани фоидаи зиёдтарро доранд. Вале дар чунин сурат ба даст овардани фоида аз сармоягузорӣ кафолат дода намешавад.

Ҳамчунин пасандозҳое ҳастанд, ки фоизҳои “зина ба зина” ном доранд. Муҳлати чунин пасандозҳо аз якчанд зина иборат аст, ва фоизаш низ зина ба зина тағйир меёбад. Оид ба чунин пасандозҳои ҳангоми реклама ба муштариён фоизи ҳамон давтраи баландтаринро мегӯянд. Масалан 3 моҳи аввал – бо ҳисоби 3%, 3 моҳи баъди бо ҳисоби 4% ва минбаъд бо ҳисоби 9%. Ин имкон медиҳад, ки чунин пасандозкушоиро 9-фоиза ба реклама гузошт, гарчанде ки фоизи миёна ҳангоми ҳисобот камтар аст.

Даромад аз ҳисоби фоизҳо метавонад аз рӯи миқдори маблағи сатҳи ниҳоӣ ва ё миёнаи пасандоз гуногун бошад.

Масалан, 4% - агар дар пасандоз то 100 000 рубл бошад, 6% - агар аз 100 000 рубл зиёд бошад. Ҳамин тавр, агар 11 моҳ дар пасандози солона 101 000 рубл бошаду, моҳи 12-ум 99 000 рубл, пас аз рӯи ҳисоби ниҳоӣ, яъне 4% ҳисоб карда мешавад (11 * 101 + 1 * 99) / 12 = 100,8.

Барои ҳамин тарзи даромади фоидаро бо диққат хонед.

Агар шумо гузошатни пасандоз бо фоизи баландро дидед

Агар фоизи даромад ба сатҳи миёна баланд бошад ба кадом ҷиҳатҳо бояд аҳамият дод?

Дар аввал шумо метавонед фоизе, ки барои пасандоз пешниҳод мегардад дар сомонаи Бонки марказӣ муқоиса намоед. Агар фоиз бисёр баланд бошад, пас бо диққат шартҳои шартномаро хонед. Якчанд ҳолати муҳимро санҷида бароед.

Оё аз молҳои иловагии бонкро гирифтан лозим мешавад?

Фоизҳои баланд метавонанд танҳо дар ҳолати харидани ягон моли бонк ба пасандоз ворид гарданд. Масалан, барои дарёти фоизи баланд ба шумо пешниҳод мешавад, ки корт ва ё бастаи хидматрасонӣ гиред.

Имкони ба сармоя табдил додани фоизҳои иловашуда ҳаст?

Шояд ҳангоми реклама даромад бо дарназардошти сармоягузории фоизҳои изофашаванда пешниҳод шуда бошад.

Аз кадом моҳ фоизҳои балан метавонанд ҳисобида шаванд?

Фоизи баланд метавонад аз моҳи муаяне ҳисоб карда шавад, ки метавонад маблағи ҷамъбастиро кам шавад.

Фоизи баланд тамоми вақти гузоштани пасандоз ҳисоб карда мешавад?

Дар баъзе бонкҳо маҳдудиятҳо аз рӯи маблағи пасандоз барои фоизҳои пешбинишуда вуҷуд доранд.



В избранное

Комментариев пока нет

Другие статьи этого раздела

Россия, Москва, 117997, ул. Вавилова, 19

© 1997—2025 ПАО Сбербанк

Генеральная лицензия на осуществление банковских операций от 11 августа 2015 года. Регистрационный номер — 1481.

www.sberbank.ru

На этом сайте используются Cookies.

Подробнее