Онлайн-курсыЖурналПроверь себяСпецпроектыПодкасты

Бонк кортро мамнӯъ кард. Барои чӣ ин рух дод ва баъд чӣ бояд кард

12.08.25

7 мин

Бонк кортро мамнӯъ кард. Барои чӣ ин рух дод ва баъд чӣ бояд кард

Мақсади асосии бонк — нигоҳ доштани пулҳои шумо ва пешгирии амалиётҳои ғайриқонунӣ бо онҳо аст. Мамнӯъкунии корт — яке аз усулҳоест, ки ташкилоти молиявӣ аз он барои ҳифзи маблағҳо аз қаллобӣ истифода мебарад. Ин ва сабабҳои дигари боздошти амалиётҳо аз рӯи кортро дар порталҳои расмӣ ва дар феҳрасти қоидаҳои бонк омӯхтан мумкин аст. Оиди он, ки мамнӯхкунии корт барои чӣ рух медиҳад — дар маводи СберСова.

Кортро барои чӣ мамнӯъ карданд

Компрометатсияи корти бонкӣ барои мамнӯъкунии он асос шуда метавонад.

Бонк фош гардидани маълумотҳои асосӣ дар бораи кортро дар ҳолатҳои зерин шубҳа мекунад:

  • Мизоҷ амалиётҳои ғайриоддиро аз рӯи корт мегузаронад. Бонк рафтори мизоҷро ҳамчун шубҳанок баҳогузорӣ карда, кортро мамнӯъ карда метавонад. Масалан, агар нафақахӯри аз корт танҳо барои харидҳо истифодабаранда, ногаҳонӣ як ё ки якчанд интиқоли калонро ба кадоме як суратҳисоб амалӣ мекунад.
  • Мизоҷ мол ё ки хизматрасониро тавассути сомонаи бехатар набуда пардохт мекунад.
  • Мизоҷ ПИН-кодро се маротиба нодуруст ворид кард.
  • Ташкилоти молияӣ дар бораи дуздида шудани корт иттилоот дорад.
  • Системаи фрод-мониторинг интиқол аз корт ба реквизитҳои қаллобиро қайд кард.

Барои донистани сабаби аниқи мамнӯъкунӣ, ба дастгирии техникии бонк дархост навиштан, тавассути телефони дар сомонаи расмӣ нишондодашуда занг задан, ё ки ба оператор дар барномаи мобилӣ бо савол муроҷиат кардан мумкин аст.

Бонк кортро аз рӯи 115-ФЗ мамнӯъ кард. Ин чӣ маъно дорад?

Мамнӯъкунии корт аз рӯи 115-ФЗ — ин инҷиқии бонк набуда, ба кор даромадани қоидаҳои аз ҷониби Бонки марзаӣ барои муайянкунии амалиёти шубҳаноки молиявӣ муқарраргардида мебошад.

Мамнӯъкунии корт инчунин дар он ҳолате рух дода метавонад, вақте ки бонк мизоҷро дар содир кардани амалиёти ғайриқонунии молиявӣ — масалан, дар шустани маблағи бо роҳи ҷиноят ба даст овардашуда гумонбар кунад. Тибқи қонуни федерали 115-ФЗ «Дар бораи муқовимат бар зидди қонунигардории даромади бо роҳи ҷиноӣ гирифташуда, ва маблағгузори терроризм», бонкҳо бояд ҳамаи амалиётҳои мизоҷонро тафтиш кунанд ва интиқоли шубҳанок, масалан, монанд ба интиқоли ғайриқонунии маблағи ғайринақдӣ ба нақдӣ ё ки баровардани ғайриқонунии маблағ ба хориҷа тафтиш кунанд.

Бонк шубҳанок меҳисобад, агар мизоҷ интиқоли пули маънои аёни иқтисодинадоштаро содир кунад: масалан, харид ва фурӯши зуди мол бо таҳфиф. Инчунин ташкилоти молиявӣ дар қонунӣ будани ҳисоббаробаркунӣ шубҳоа мекунад, агар мизоҷ мунтазам пулро ба суратҳисобҳои шахсони ҷисмонӣ бе сабабҳои ҷиддӣ интиқол диҳад ва маблағи пулиро нақдӣ гирад.

Ба ин тоифа инчунин амалиёти барои намуди асосии фаъолияти ширкат хос набуда, инчунин интиқоли маблағ ба норезидент бе воридкунии мол, ки бо эъломияҳои андозӣ тасдиқ кардан мумкин аст, ворид мешаванд.

Агар бонк дар қонунияти амалиётҳо шубҳа кунад, он ҳуқуқ дорад ба:

  • муваққатан мамнӯъ кардани кортҳои бонкии мизоҷ;
  • хомӯш кардани дастрасӣ ба онлайн-бонк;
  • радкунии додани пули нақд ё ки интиқоли онлайнӣ;
  • радкунии кушодани суратҳисоб, баровардан ё ки аз нав баровардани корт.

Ҳамзамон, ҳамаи бонкҳо барои мамнӯъ кардани суратҳисобҳои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқии алоқаманд ба фаъолияти экстремисӣ ё ки терроризм, ва хабар додан оиди вайронкунии 115-ФЗ ба Росфинмониторинг ӯҳдадоранд. Ин мақомоти байниидоравӣ рӯихати қоидавайронкунандагонро, ки бо онҳо баъдан на ягон бонки россиягӣ кор карда наметавонад, ташаккул медиҳад.

Чӣ бояд кард ва қонунӣ будани амалиёти пулиро чӣ тавр бояд исбот кард

Ҳамин тавр, шумо бо шубҳаи бонк нисбати қонунияти амалиётҳои худ розӣ нестед. Ташкилоти молиявӣ аз шумо иттилоот дар бораи ба даст оварда шудани маблағ дар суратҳисобҳо ва асоснокии амалиётро дархост карда метавонад. Бо бонк ҳамкорӣ кунед: маълумотҳои ба ӯ шавқоварро дар муҳлаташ ба суроғаи нишондодашуда фиристед. Барои муфассал тавсиф кардани қадамҳои худ барои зиёд кардани иимконияти натиҷаи барои шумо форам кӯшиш кунед.

Дар ҳолати мамнӯъкунии корт аз рӯи 115-ФЗ бонк пешкаш кардани ҳуҷҷатҳои заруриро хоҳиш мекунад.

Байни онҳо:

  • маълумотнома дар бораи даромадҳо ва маблағи андозҳои шахси ҷисмонӣ. Қаблан он маълумотномаи 2-НДФЛ номида мешуд;
  • эъломияи андозии 3-НДФЛ;
  • иқтибосҳои аз ҷониби эмитент тасдиқгардида аз рӯи суратҳисобҳо дар бонкҳои дигар;
  • ҳуҷҷатҳои дигар бо иттилоот дар бораи даромадҳои шумо.

Дар банди охирон истода мегузарем ва баррасӣ мекунем, ки барои ҳар як ҳолати алоҳида дар вобастагӣ аз сарчашмаи даромад кадом ҳуҷҷатҳо лозим мешаванд.

  • Агар ин музди маош, хароҷоти хизмати сафарӣ ё ки маблағи ҳисоботӣ бошад, он гоҳ ҳуҷҷатҳои имконпазир: нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, шартномаи меҳнатӣ ӣбо замимаҳои мавҷуда, фармон дар бораи қабул ба кор ё ки шартномаи ТШҲ, фармон дар бораи равона карда шудани корманд ба сафари хизматӣ, фармон дар бораи додани маблағи ҳисоботӣ.
  • Вақте ки сарчашмаи даромад — воридот аз шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ аз рӯи шартнома, он гоҳ ҳуҷҷатҳои имконпазир: шартнома бо ҳамаи замимаҳо ва созишномаҳои иловагӣ, санади қабулу супоридан, санади хизматрасонӣ, забонхат, борхат, расид дар бораи қабул кардан, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба моли фурӯхташаванда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қаблан аз ҷониби шумо дода шудани қарз ба суроғаи шахси ҳуқуқӣ, расид ба ордери воридотии хазинавӣ, супоришномаи пардохтӣ, иқтибос аз рӯи суратҳисоби дар бонки дигар кушодашуда.
  • Агар даромадҳо дивидендҳо бошанд, он гоҳ ҳуҷҷатҳои имконпазир: қарори иштирокчиён ё ки протоколи маҷлиси умумии саҳҳомон дар бораи пардохти дивидендҳо, иқтибос аз феҳрасти саҳҳомон, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти АДШВ аз пардохти дивидендҳо, тавозуни корхона дар давраи пардохти дивидендҳо.
  • Вақте ки даромадҳо аз ворид аз суратҳисоби ман, ки барои ман ҳамчун СИ кушода шудааст, иборат мебошанд, он гоҳ ҳуҷҷатҳои имконпазир: иқтибос аз суратҳисоби соҳибкори инфиродӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андозҳо, боҷҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ — супооришномаҳои пардохтӣ, аз он ҷумла, дар ҳолати пардохтҳои шахсони сеюм, расидҳо дар бораи пардохти андозҳо, боҷҳо, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мавҷуд набудани асосҳо барои пардохти андозҳо.
  • Дар ҳолате, агар даромадҳо — воридоти дигар аз шахсони ҷисмонӣ, ҳуҷҷатҳои имконпазир: тавзеҳоти хаттӣ дар бораи табиати иқтисодии муносибати байниҳамдигарӣ бо шахсони ҷисмонӣ, ки аз онҳо маблағҳо ворид мешаванд, бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, дар доираи ҷамъкуниҳои гуногун — истинод ба контент ё ки манбаъи интернетӣ, ки дар он реквизитҳо ва мақсадҳои ҷамъкунии маблағҳо айнан нишон дода шудаанд.
  • Агар даромадҳо — воридот аз рӯи амалиётҳо бо криптоасъор бошанд, он гоҳ ҳуҷҷатҳои имконпазир: суроғаи биржа/мубодила, ки дар он хариду фурӯши криптоасъор ба амал бароварда шудааст, номи истифодабаранда ё ки никнейм, ки барои содир кардани созишномаҳо истифода шудааст, скриншоти профили утоқи шахсӣ, ки барои айнан муайян кардани соҳиби аккаунт имкон медиҳад, таърихи амалиётҳои хариду фурӯши криптоасъор — иқтибос бо нишондоди санаи созишнома, қурб, миқдори криптоасъори харидашуда/фурӯхташуда, ҳисобот дар бораи даромадҳо ва зарарҳо аз рӯи натиҷаҳои савдо бо криптоасъор аз рӯи ҳар як асъори рақамӣ аз рӯи мавқеъҳои пӯшидашуда. Агар созишнома аз рӯи харид ё фурӯши криптоасъор дар биржаҳо/мубодилакунандагони гуногун ба амал бароварда шуда бошад, он гоҳ ҳуҷҷатҳо ва тавзеҳот аз рӯи бандҳои номбаргардидаро барои ҳамаи майдончаҳо бояд пешкаш кард.

Агар ба шумо на ягон аз вариантҳо мутобиқ наояд, тавзеҳотро дар шакли озод фиристодан мумкин аст. Тавсиф кунед, ки даромадро аз кадом сарчашмаҳо гирифтед, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро пешкаш кунед. Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда сабабро нишон диҳед.

Барои чӣ амалиётҳо аз рӯи кортро маҳдуд карда метавонанд

Маълумотҳо дар бораи ҳаракатҳои қаллобӣ бо кортҳо ва суратҳисобҳо ба махзани махсуси БМ ворид мешаванд – мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои молиявӣ ин иттилоотро истифода бурда, инчунин онро пурра карда метавонанд.

Агар мизоҷро ба махзани маълумотҳои Бонки Россия дар бораи амалиётҳои қаллобӣ ворид кунанд, он гоҳ аз 15 майи соли 2025 барои он маҳдудият амал мекунад – лимит барои ҳамаи интиқолҳо ба худ ё ки шахсони дигар 100 ҳазор рубл дар як моҳ.

Муҳим: агар иттилоот дар бораи амалиёти қаллобӣ ба махзани БМ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ворид гардад, он гоҳ бонк барои мамнӯъ кардани корти мизоҷ ва дастрасӣ ба онлайн-бонк ӯҳдадор аст.

Барои чӣ маҳдудият 100 ҳазор?

Маблағ барои машғул шудан бо дропперӣ – баровардан ва нақдӣ кардани маблағи ғайриқонунӣ имкон намедиҳад. Ҳамзамон, ин барои содир кардани харид ва пардохтҳои ҳаётан муҳим кофӣ аст.

Истисно

Маҳдудият ба пардохтҳо ба суроғаи шахси ҳуқуқӣ амал намекунад. Яъне, агар шахсе аз махзани маълумотҳо дар бораи амалиётҳои қаллобӣ аз корт истифода бурда ва дар мағозаҳои онлайнӣ ва дар маркетплейсҳо харид карда метавонад.

Маслиҳатҳои СберСова барои пешгирии мамнӯъкуниҳо аз рӯи 115-ФЗ

  1. Маблағҳоро ба суратҳисобҳои ғайриоддӣ интиқол надиҳед.
  2. Ба пешниҳоди шубҳаноки ба даст овардани маблағ розӣ нашавед.
  3. Маблағҳои калонро нақдӣ накунед.
  4. Маълумотҳои корти худро ба шахсони сеюм надиҳед ва ба қоидаҳои беҳдошти рақамӣ риля кунед.
  5. Ҳангоми ба миён омадани шубҳаҳо бо кормандони бонк маслиҳат кунед.
  6. Барои амалиёти пулӣ аз рӯи тиҷорат аз суратҳисоби ҳисоббаробаркунии корпоративӣ истифода баред.
  7. Амалиёти оддии рӯзгорӣ — харидҳо дар супермаркетҳо, интиқоли мунтазам ба кӯдак ё ки волидайн — боиси саволҳо намегарданд. Вале барои муайянкунии амалиётҳои шубҳанок омилҳои махсус ҳастанд: аз миқдори зиёди одамон, ки ба онҳо пул интиқол медиҳед, то гирифтани бурд.
  8. Кӯшиш кунед, то ки амалиётҳои шуморо бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ кардан ё ки тавзеҳ додан мумкин бошад. Ин барои зуд ҳаллу фасл кардани ҳатто саволҳои баҳсӣ ёрӣ медиҳад.

#по закону

#новости

В избранное

Вам может быть интересно

  • Другие статьи этого раздела

    Россия, Москва, 117997, ул. Вавилова, 19

    © 1997—2025 ПАО Сбербанк

    Генеральная лицензия на осуществление банковских операций от 11 августа 2015 года. Регистрационный номер — 1481.

    www.sberbank.ru

    На этом сайте используются Cookies.

    Подробнее